
29 апрели соли 2015 Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, иштирок намуда, оид ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти геносид ва ҷазо барои он аз 9 декабри соли 1948 суханронӣ кард.
Дар баромад қайд карда шуд, ки Конвенсияи мазкур аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардида, тибқи муқаррароти он геносид, новобаста аз он, ки дар давраи осоишта ва ё ҷанг содир шудааст, ҷиноят ба ҳисоб рафта, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро поймол менамояд ва давлатҳо уҳдадоранд нисбати геносид ҷораҳои пешгирикунанда андешанд ва ҷазо татбиқ намоянд.
Ҳамзамон тазаккур гардид, ки гарчанде Тоҷикистон то ҳол аъзои Конвенсияи зикршуда набошад ҳам, геносид мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷиноят эътироф шудааст. Аз ин бармеояд, ки муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон ба муқаррароти Конвенсияи зикршуда мухолифат намекунад ва ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ қобили қабул аст.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз 146 кишвари ҷаҳон аъзои Конвенсия мебошанд.
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҳамроҳшавӣ ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти геносид ва ҷазо барои он аз ҷониби ҳамаи вакилон якдилона дастгирӣ ёфт.