Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, оғоз намуд.
Намояндагони ВАО, ки майли иштирок дар пӯшиши иттилоотии Конфронси мазкурро доранд, бояд ба Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тел. 221-43-69, e-mail: pressaccreditation@mfa.tj) муроҷиат ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
1. Номаи расмии ВАО бо дарҷи ному насаб ва вазифаи хабарнигор;
2. Сурат – андозаи 3,5х4, 300 мегапиксел, jpeg
3. Суроғаи почтаи электронӣ.
Барои хабарнигорони ВАО-и хориҷӣ, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба таври доимӣ сабти ном нашудаанд:
1. Номаи расмии расонаи хабарии кишвари хориҷӣ таҳти имзои роҳбари васоити ахбори омма бо дарҷи ному насаб ва вазифаи хабарнигор;
2. Маълумотнома дар бораи васоити ахбори омма;
3. Шарҳи ҳоли хабарнигор
4. Саволномаи (анкетаи PDF) пуркардашуда;
5. Сурат – андозаи 3,5х4, 300 мегапиксел, jpeg;
6. Нусхаи шиноснома;
Бояд қайд намуд, ки баъд аз бақайдгирӣ ба намояндагони ВАО бо мақсади ворид шудан ва анҷоми фаъолият дар ҷойҳои баргузории Конфронси мазкур бейҷҳои номии дорои акс супорида мешаванд.
Муроҷиати намояндагони ВАО ҷиҳати бақайдгирӣ то соати 16:00 25 майи соли 2015 қабул карда мешавад.