Брифинг оид ба вазъи амниятӣ дар Афғонистон

24.04.2015 15:57

24 апрели соли 2015 дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ брифинги ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳайати ИМА-ро Муовини ёвари Котиби Давлатӣ оид ба Осиёи Марказӣ Даниэл Розенблум ва Муовини ёвари Котиби мудофиаи ИМА оид ба масъалаҳои Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Кристин Абизайд роҳбарӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ роҳбарӣ намуд. Дар брифинг намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ низ иштирок доштанд.

Зимни суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ таъкид намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори истиқрори сулҳу субот ва осоиштагӣ дар кишвари ҳамсоя мебошад. Кишвари мо бо ин мақсад дар чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон фаъолона ширкат варзида, пуштибони амалисозии лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, коммуникатсия ва инфрасохторӣ мебошад, ки ба рушди иқтисодӣ ва нигоҳдории амният дар Афғонистону минтақа кӯмак хоҳад кард».

Ҳангоми брифинг ҳайати ИМА ба ҷониби Тоҷикистон маълумотро доир ба вазъи амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии имрӯзаи Афғонистон пешниҳод намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳайати ИМА ба саволҳои ҷониби Тоҷикистон оид ба масъалаҳои гуногун вобаста ба мавзӯи чорабинӣ посух дод.

Бояд қайд кард, ки аз соли 2011 то ин замон ҷониби ИМА барои кишварҳои Осиёи Марказӣ брифингҳоро оид ба вазъи Афғонистон барпо менамояд. Ҳадаф аз он ин табодули назар доир ба раванди барқарорсозӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон мебошад.

Брифинг оид ба вазъи амниятӣ дар Афғонистон

Аксҳо...

Нигористон

Тақвим