Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Эрон

23.04.2015 17:13

23 апрели соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов  Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағониро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози суҳбат Ҳ.Фағонӣ паёми шахсии Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд. Дар рафти суҳбат масъалаҳои ҳамкории амалӣ ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои мухталиф ва мутақобилан судман баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин дар робита ба масоили мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ табодули назар сурат гирифт.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Эрон

 

Нигористон

Тақвим