Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Иттиҳоди соҳибкорони хурду миёнаи Олмон

06.08.2021 15:12

5 августи 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Cоҳибназар Ғайратшо бо Директори иҷроияи Иттиҳоди соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (Der Mittelstand BVMW) Маркус Йергер баргузор гардид.

Дар суҳбат ҷонибҳо дар бораи густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар ва ҷалби соҳибкорони хурду миёнаи Олмон ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Бо дарназардошти фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ислоҳоти солҳои охири иқтисоди Тоҷикистон, Иттиҳоди мазкур ҳавасмандии хешро баҳри вусъати робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Тоҷикистон иброз намуда, таъини атташеи тиҷоратии Тоҷикистон дар Олмонро ҳамчун нишонаи таваҷҷуҳи Тоҷикистон дар рушди шарокат бо Аврупо арзёбӣ кард.

Иттиҳоди мазкур беш аз 9000 ширкатҳои хурду миёнаи олмониро муттаҳид намуда, дар хориҷа дорои 300 намояндагӣ мебошад.

06,08,21,1514.jpg

Нигористон

Тақвим