Нишасти Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ

30.07.2021 14:50

30 июли 2021 нишасти навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Раиси Ҳайати мушовара, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, аъзои Ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорат иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи Ҳайати мушовара натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар нимсолаи якуми 2021 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд. Аз рӯи мавзӯи якуми ҷаласа Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ маърӯза кард.

Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимашуда қабул гардиданд.

Дар ҷамъбасти кори Ҳайати мушовара, Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати тақвият додани низоми кор ва таҳкими фаъолияти дастгоҳи марказӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа супоришҳои мушаххас дод.

MFA-TJ-COLLEGIUM-30-07-2021-1.jpg

MFA-TJ-COLLEGIUM-30-07-2021-2.jpg

Нигористон

Тақвим