Мулоқоти Сафир бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ

09.07.2021 17:11

8 июли 2021 дар Брюссел Сафир, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода Намояндаи вижаи ҷадиди Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Терҳи Ҳакаларо ба ҳузур пазируфт.

Сафир Намояндаи вижаро ба муносибати ба иҷрои вазифаҳои нав оғоз намуданаш табрик гуфта, барояш дар роҳи татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ва нақшаҳои созанда дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ комёбиҳо орзу кард.

Дар мулоқот пиромуни чорабиниҳои қарибулвуқӯи ИА ва ОМ – Конфронси байналмилалии Тошканд дар мавзӯи иттисолоти минтақавӣ, Форуми иқтисодии Бишкек, Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қазоқистон, вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ИА ва ОМ дар Душанбе мубодилаи созандаи афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо дар масоили тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳои оянда ба мувофиқа расиданд.

Brussels-09-07-2021.jpg

Нигористон

Тақвим