Мулоқот бо Шоҳзодахонуми Шоҳигарии Таиланд

07.04.2015 16:30

7 апрели соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Шоҳзодахонуми Шоҳигарии Таиланд Олиҷоҳ Маҳа Чакри Сириндҳорн, ки 6 апрел бо боздиди шиносоӣ озими Ҷумҳурии Тоҷикистон шудааст, баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин робита ҷонибҳо аҳамияти ифтитоҳи хатсайри ҳавопаймоии мустақим байни Душанбе ва Бангкокро таъкид намуданд.

Ҷонибҳо инчунин вобаста ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба арзёбии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (9-11 июни соли 2015, Душанбе) табодули назар карданд.

Мулоқот бо  Шоҳзодахонуми Шоҳигарии Таиланд

Мулоқот бо  Шоҳзодахонуми Шоҳигарии Таиланд

Нигористон

Тақвим