Мулоқот бо Фиристодаи махсуси Швейтсария

06.04.2015 16:08

6 апрели соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Сироҷидин Аслов бо Фиристодаи махсуси Швейтсария оид ба масъалаҳои об, Вилҳелм Майер баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои Конфронси Базел оид ба идоракунии фарогирандаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, ки моҳи ноябри соли 2014 дар Швейтсария баргузор гардид, муҳокима намуда, инчунин оид ба сатҳи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи об мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ ба Фиристодаи махсуси Швейтсария оид ба омодагӣ ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт 2005-2015», ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, маълумот дод.

Мулоқот бо Фиристодаи махсуси Швейтсария

Нигористон

Тақвим