Гуфтугӯи телефонӣ бо Котиби давлатии вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Хорватия

01.06.2021 13:19

l-111.jpg

1 июни 2021 суҳбати телефонии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои сиёсии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Хорватия Франо Матушич барпо гардид.

Дар рафти гуфтугӯ ҷонибҳо масъалаҳои тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Хорватия дар соҳаҳои сиёсӣ, сайёҳӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим