Даври дуюми ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Нидерланд

19.04.2021 15:03

19 апрели 2021 даври дуюми ройзаниҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Нидерланд дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Дар нишаст маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Нидерланд дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, муҳити зист, маориф, сайёҳӣ, обу энергетика ва мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Табодули афкори судманд дар атрофи мавзӯоти мубориза бо COVID-19 ва таҳдиду чолишҳои муосир сурат гирифт.

Ҳамзамон ҷонибҳо мавзӯъҳои равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавиро муҳокима намуданд. Дар ин росто, мусоҳибон аз сатҳи ҳамкории мутақобила дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, 2018-2028” изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати ташкили бомуваффақияти Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 22-24 марти 2023 дар Ню-Йорк ба нақша гирифта шудааст, қайд карданд.

19,04,21-17-49.jpg

19,04,21,17,53.jpg

Нигористон

Тақвим