Нишасти сеҷониба миёни Тоҷикистон, ИМА ва Афғонистон  

17.03.2021 19:14

17 марти 2021 нишасти сеҷониба дар шакли маҷозӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ доир гардид. Дар нишасти мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар ва муовини Котиби давлатии ИМА Дэвид Ҳейл ширкат варзиданд.

Ҷонибҳо омодагиро барои шарокат ва ҳамкорӣ ба мақсади мусоидат дар пойдории сулҳ, таъмини амният ва рушди иқтисодӣ изҳор доштанд. Мавзӯъҳои ҳамкориҳои се кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, энергетика ва рушди захираҳои инсонӣ баррасӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки масъалаҳои муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва таҳкими сарҳад самти муҳимми ҳамкорӣ байни кишварҳо мебошад.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки барои бартараф кардани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 ҳамкориро идома медиҳанд.

17-03-21-19-03.jpg

17-03-21-19-02.jpg

17-03-21-19-01.jpg

Нигористон

Тақвим