Маросими супоридани номаи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ

21.02.2015 11:22

20 феврали соли 2015 дар шаҳри Гаага дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев дар ҳузури намояндагони баландпояи ин Вазорат ба Котиби генералии Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ Кристов Бернасконӣ Номаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ (Конвенсияи апостил) расман супурд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ изҳори боварӣ намуд, ки ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ барои пеш аз ҳама беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар ва таъмини ҳуқуқии кафолату имтиёзҳои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ мусоидат намуда, ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ кӯмак хоҳад кард.

Бояд қайд намуд, ки Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ барои Тоҷикистон аз санаи 31 октябри соли 2015 вориди амал хоҳад шуд.

Маросими супоридани номаи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ

Нигористон

Тақвим