25 феврали 2021 дар Кобул бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Исломии Афғонистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ҷаласаи сафирони кишварҳои узви “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” баргузор гардид.
Муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб зимни қадрдонӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳамраисии раванди мазкур ва кумаку дастгири ҳамешагии Афғонистон, хоҳони он шуд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ доир ба Афғонистон, бахусус дар мавриди иҷмои минтақавӣ барои сулҳ густариш ёбанд, то заминаи сулҳ дар ин кишвар фароҳам шавад.
Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ омодагии Тоҷикистонро барои баргузор намудани нишасти коршиносони аршад ва Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар таърихи 29-30 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе эълон намуд ва хостори иштироки фаъоли кишварҳо гардид.
Сипас ширкаткунандагон лоиҳаи санадҳои марбут ба Конфронси нуҳуми вазирон - Эъломияи Душанбе, тавсеаи имкониятҳо барои занон, мудирият ва пешгирии офатҳои табиӣ дар доираи Чораҳои эътимодсозии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.