Дидори сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Миср

17.02.2015 10:22

16 феврали 2015 дар Қоҳира сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ба Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср Ёсир Мурод даъватномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Иброҳим Маҳлабро ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, ки дар Душанбе  9-11 июни 2015 мувофиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 69/215 баргузор хоҳад гардид, супорид.

Муовини вазири корҳои хориҷии Миср бо изҳори ташаккур аз даъватномаи мазкур ва бо қадрдонӣ аз нақши боризи Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои марбут ба захираҳои обӣ дар арсаи байналмилалӣ, таъкид намуд, ки кишвараш ният дорад дар Конфронси Душанбе дар сатҳи баланди шоиста ва ба таври фаъол иштирок кунад.

Нигористон

Тақвим