Пресс-релиз дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2020
Душанбе, 15 феврали 2021
Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари мо соли 2020 соли душвор буд. Ҳамагирии Ковид-19 ба тамоми робитаҳо, аз ҷумла тамосҳои фарҳангӣ, сайёҳӣ, варзишӣ ва инчунин ба муносибатҳои байналмилалӣ таъсири манфӣ расонд.
Бо вуҷуди ин, дар шароити ҳамагирии ҷаҳонӣ Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломативу муассисаҳои консулии мо дар хориҷа баҳри ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллии кишвар дар арсаи байналмилалӣ саъй карданд. Тамосҳо бо шарикони хориҷии мо асосан дар шакли маҷозӣ ё видеоконфронс, суҳбатҳои телефонӣ ва табодули паёмҳо сурат гирифтанд. Мулоқотҳои маҷозӣ бо шарикони хориҷӣ ва байналмилалӣ ба унсури муқаррарии фаъолияти Вазорат мубаддал шуданд.
Фаъолияти асосии Вазорат дар ин давра, бино ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои коҳиши паёмадҳои иҷтимоию иқтисодии бемории вогир, баргардонидани шаҳрвандони мо аз хориҷи кишвар, мусоидат ба шаҳрвандони дар хориҷа қарордошта, фиристодан ва ҷалби ёрии башардӯстонаи байналмилалӣ ва додани сабукиҳои маъмурӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон қарор доштанд, равона шуд.
Дар давраи гузоришӣ, бино ба дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии Ковид-19 дар хориҷа дармонда буданд, амалӣ гардид. То поёни сол беш аз 150 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла мутаасифона 300 ҷасад) аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба Ватан баргардонида шуданд. Аз 20 март то поёни сол беш аз 600 парвози чартерии ширкатҳои ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” барои баргардондани шаҳрвандони мо аз Русия сурат гирифт.
Дар ҳамкорӣ бо Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Созмони ҷаҳонии муҳоҷират тариқи “долони нақлиёти заминӣ” беш аз 6000 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар мавриди кӯмаку сабукиҳо нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемия дар соли 2020 бояд қайд намуд, ки бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии Ковид-19 ба таври автоматӣ тамдид гардидани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро то 1 июли соли 2020 тасдиқ кард.
Илова бар ин, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии Ковид-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки тибқи он аз ҷумла меъёрҳои зерин пешбинӣ гардиданд: то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ муҳлати раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ тамдид шуда, ҷарима барои риоя нагардидани қоидаҳои будубош татбиқ нагардад.
Дар ин шароити душвор Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ва ҳамзамон бисёре аз кишварҳои хориҷӣ ва шарикони рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии башардӯстона расонданд.
Соли гузашта дар Тоҷикистон интихоботҳои парламентӣ ва президентӣ баргузор шуданд, ки барои ояндаи кишвари мо, таъмини сулҳ ва пешрафти бештари иқтисодиву иҷтимоии он аҳаммияти фаровон доранд. Баҳри таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар назди 39 намояндагии дипломативу консулии кишвар дар хориҷа участкаҳои интихоботӣ таъсис ёфтанд, ки дар онҳо интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти 2020 ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри 2020 дар сатҳи шоиста баргузор шуданд. Нозирони байналмилалӣ аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе барои иштирок дар раванди интихоботҳои парламентӣ ва президентӣ даъват шуданд.
Дар давраи гузоришӣ, бо вуҷуди вазъи душвори беҳдоштию эпидемиологӣ, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ пайгирона густариш ёфтанд.
Соли 2020 сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Москва барои ширкат дар бузургдошти 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба, нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Москва, сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Русия ва сафари ҳайати Русия ба Душанбе зери роҳбарии Муовини Раиси Ҳукумати он кишвар сурат гирифтанд, ки дар муносибатҳои ду кишвар рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ буданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва иҷлоси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки мутаносибан 10 ноябр ва 2 декабри 2020 дар шакли маҷозӣ баргузор гардиданд, раёсат дар ин ду созмон ба Тоҷикистон гузашт. Зимни суханронӣ дар ҳамоишҳои мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои авлавиятноки раёсати кишвари моро дар ин ду созмони бонуфузи минтақавӣ муаррифӣ карданд.
Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон 18 декабри соли гузашта дар иҷлоси Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли маҷозӣ ширкат варзида, суханронӣ карданд. Шаҳри Душанбе Пойтахти фарҳангии ин Созмон дар соли 2021 эълон шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябр дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бино бар ҳамагирии Ковид-19 ба таври маҷозӣ сурат гирифт, суханронӣ карданд. Дар суханронӣ Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар тӯли ин солҳо Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалӣ ташаккул ёфта, тавонист ба як платформаи муҳимму фарогири ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ табдил ёбад.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ният дорад, ки саъю талошҳоро ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои созанда дар масоили марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим ҳамроҳ бо дигар кишварҳо тақвият бахшад.
Дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир дар пасманзари шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва тавсеа ёфтани ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳона, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар хатару таҳдидҳои муосир ба хусус ҳамагирии коронавируси нав, вазъи ноустувору мураккаб ва ҳассоси сайёра изҳори андеша намуданд.
Зимни суханронӣ Президенти кишвар, Пешвои миллат тасмими моро ҷиҳати касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 эълом намуданд. Корзори пурмуҳтавои пешазинтихобӣ дар ин замина шурӯъ шуд.
Дар давраи гузоришӣ тамосҳои сатҳи олӣ бо кишварҳои шарик мунтазам идома ёфтанд, аз ҷумла суҳбатҳои телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Афғонистон, бо Президенти Беларус, бо Президенти Қазоқистон, бо Президенти якуми Қазоқистон, бо Амири Қатар, бо Президенти Қирғизистон, бо Президенти Озарбойҷон, бо Президенти Русия, бо Президенти Туркия, бо Президенти Ӯзбекистон, бо Раиси Чин ва бо Президенти Эрон сурат гирифтанд. Дар суҳбатҳо масъалаҳои таҳкиму густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои мазкур, вазъи эпидемиологии минтақа ва ҷаҳон, ҳамкорӣ ҷиҳати рафъи паёмадҳои манфии бемории ҳамагир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин байни Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ва роҳбарони кишварҳои хориҷӣ мубодилаи паёмҳо дар бораи рушди ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун сурат гирифт.
Дар соли сипаришуда Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои шарик суҳбатҳои телефонӣ анҷом дода, дар ду ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоиши сатҳи баланд роҷеъ ба маблағгузорӣ барои рушд дар замони ҳамагирии Ковид-19 ва пас аз он, ки дар шакли маҷозӣ баргузор шуданд, иштирок ва суханронӣ кард.
Ҳамчунин зери ҳамраисии Сарвазири Тоҷикистон нишастҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Русия ва Тоҷикистону Ӯзбекистон мутаносибан моҳҳои август ва сентябри 2020 дар пойтахти кишварамон баргузор гардиданд.
21-22 декабри 2020 Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз Душанбе боздид кард. 22 декабр мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ доир гардид. Дар ҷараёни мулоқотҳо вазъи кунуниву дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ гардиданд. Ӯ инчунин бо раиси Маҷлиси намояндагон, Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷӣ вохӯрд.
Дар давраи гузоришӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Бруней-Доруссалом, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар, Малайзия, Олмон, Русия, Сербия ва Ӯзбекистон боздид намуд. Вохӯриҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтоёни ӯ аз дигар кишварҳо, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон ва Чин барпо шуданд. Дар он мулоқотҳо самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва зерсохторӣ баррасӣ шуданд.
17-18 сентябри 2020 дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи минтақа баррасӣ шуданд.
19 ноябри соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон ба Душанбе сафар кард. Дар рафти сафари корӣ вазирони корҳои хориҷии ду кишвар вазъи кунунии муколамаи дуҷонибаи сиёсиро баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бештари тиҷорат, фаолияти муштараки сармоягузорӣ ва истифодаи пурраи иқтидори транзитӣ чораҳои фаврӣ андешида шаванд. Дар музокирот ба масъалаи таъйини ҳудуд ва аломатгузории хатти сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Гузашта аз ин, дар давоми соли 2020 суҳбатҳои телефонӣ ва мулоқотҳои дуҷонибаи маҷозии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтоёни хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла:
бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ,
Вазири корҳои хориҷии Арманистон,
Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон,
Вазири корҳои хориҷии Беларус,
Муовини парлумонии Котиби давлатии Британияи Кабир,
Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон,
Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкории Испания,
Мудири иҷроияи Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди ИМА,
Вазири корҳои хориҷии Канада,
Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон,
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея,
Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон,
Вазири корҳои хориҷии Туркия,
Узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин,
Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон,
Вазири корҳои хориҷии Швейтсария,
Вазири корҳои хориҷии Япония,
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ,
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай,
Раиси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх,
Муовини Дабири кулли СММ/Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) ва
Дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ сурат гирифтанд.
Дар он суҳбатҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои мазкур ва созмонҳои байналмилалӣ дар заминаҳои гуногун ва инчунин ҳамкориҳо дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири Ковид-19 баррасӣ шуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ 13 май дар машварати ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, 12 май ва 10 декабр дар ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ва 26 май ва 1 декабр дар ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД, ки дар шакли маҷозӣ баргузор шуданд, иштирок ва суханронӣ кард. Зимни суханронӣ пешниҳодҳо дар бораи рушди баъдии созмонҳои мазкур, муборизаи муштарак бо ҳамагирии коронавирус ва мавқеи кишвар перомуни масъалаҳои мубрами минтақавӣ ироа шуданд.
Дар соли сипаришуда робитаҳои сиёсиву дипломатӣ дар чорчӯби сиғаҳои бисёрҷонибаи Осиёи Марказӣ + кишварҳои шарик, аз қабили Русия, Чин, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Корея, Япония ва Ҳиндустон густариш ёфтанд. 3 феврал дар Тошканд нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА ва 25 ноябри 2020 дар Сеул Форуми 13-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор шуданд, ки дар он Вазири корҳои хориҷӣ иштирок ва суханронӣ кард. Ҳамчунин Вазири корҳои хориҷӣ 12 июн дар машварати вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, 30 июн дар Конфронси маҷозии сатҳи баланд дар қолаби Осиёи Марказӣ+ИМА, 16 июл дар якумин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Чин, 11 август дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония, 15 октябр дар ҷаласаи сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ва 28 октябр дар нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон, ки дар шакли маҷозӣ сурат гирифтанд, суханронӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ изҳори назар кард.
Ҳамчунин иштироки маҷозии Вазири корҳои хориҷӣ 29 май дар ҳамоиши сатҳи баланди “Суръатбахшии татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии 2030 тавассути амал дар соҳаҳои обёрӣ, беҳдошт ва иқлим”, 18 июн дар конфронси байналмилалии вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси “Камарбанд ва Роҳ”, 23 сентябр дар мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs), 24 сентябр дар ҷаласаи махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё (КҲТЭО) ва 3 декабр дар иҷлоси 27-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) таъмин гардид. Дар суханрониҳо Вазири корҳои хориҷӣ дар бораи таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба, чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир изҳори назар карда, аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо ёдовар шуд. Дар ҷаласаи Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё роҷеъ ба авлавиятҳо, фаъолияти дусолаи раёсати Тоҷикистон дар ин созмон ва дастовардҳо маълумоти муфассал пешкаш гардид.
21 декабр дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома таҳти унвони “Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, ки пешнависи он аз сӯи Тоҷикистон ва Нидерланд бо ҳаммуаллифии 190 кишвар пешниҳод шуд, бо иттифоқи оро қабул гардид.
Тибқи қатъномаи мазкур, Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Об барои рушди устувор” дар соли 2022 аст, ки барои омодагии муассир ба бознигарии миёнамуддати фарогири Даҳсолаи мазкур ва баргузории Конфронси СММ дар соли 2023 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк бо мизбонии муштараки Тоҷикистону Нидерланд аҳаммияти вежа хоҳад дошт.
Бешак, қабули қатъномаи мазкур гувоҳи эътирофи аҳаммияти ҷаҳонии ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
25 августи 2020 нишасти маҷозии кормандони аршади раванди “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар шакли видеоконфронс таҳти раисии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон баргузор гардид.
Дар партави дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон дар робита ба баргардондани занону кӯдакони тоҷик аз кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна моҳи декабр сафари кории дипломатҳои тоҷик ба Сурия, аз ҷумла ӯрдугоҳҳои ал-Ҳавл ва ар-Равҷ сурат гирифт. Корҳо дар ин самт идома доранд.
Дар давраи гузоришӣ ройзаниҳои сиёсӣ байни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва вазоратҳои корҳои хориҷии Италия, Қазоқистон, Қатар, Олмон, Русия, Украина, Ӯзбекистон ва Чин дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор шуданд. Дар ҷаласаҳои мазкур ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарокати ҳамаҷониба бо ин кишварҳо баррасӣ шуда, пиромуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Тоҷикистон раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Аралро барои солҳои 2020-2023 қабул кард. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ фаъолият намудани раёсати Фонди мазкур қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти 2020 тасдиқ гардид. Аз моҳи октябри 2020 Кумитаи иҷроияи Фонди мазкур фаъолияти худро оғоз намуд. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо кишварҳои узви Фонд намояндаи кишвари мо Султон Раҳимзода ба вазифаи Раиси Кумитаи иҷроия таъйин шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 60 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар карданд.
Дар соли сипаришуда бино бар ҳамагирӣ баргузории чорабиниҳои гуногун дар чорчӯби интихоб шудани Душанбе ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) барои солҳои 2020-2021 ба таъхир афтид. Умедворем, ки бо муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ имсол ҳамоишҳои банақшагирифташуда баргузор гарданд.
Ҳамкориҳои мо дар чаҳорчӯби ЮНЕСКО идома ва густариш ёфтанд. 5500-солагии таъсиси шаҳри бостонии Саразм ва 700-солагии шоири ғазалсаро Камоли Хуҷандӣ, ки ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид шуда буданд, соли сипаришуда дар Панҷакент ва Хуҷанд бо иштирок ва суханронии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ва суханрониҳои видеоии Мудири кулли ЮНЕСКО ва Мудири кулли ИСЕСКО ҷашн гирифта шуданд.
Дар соли 2020 корҳо ҷиҳати даровардани номинатсияҳои “Ҳулбук”, “Фалак” ва чанд номинатсияи муштарак бо кишварҳои шарик, аз ҷумла “Сада” бо Эрон, “Рубоб” бо Эрон ва Ӯзбекистон, “Анъанаи латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ” бо Туркия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон ва “Ҳунари кашидадӯзӣ” бо Ӯзбекистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ идома ёфтанд.
Сентябри соли гузашта парвандаи номинатсияи “Роҳи Абрешим: долони Зарафшон – Қароқум” таҳия гардида, ҷиҳати ворид намудан ба Феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО пешниҳод шуд. Ҳамчунин моҳи декабр санади ҷашни 2500-солагии мавзеи бостонии Тахти Сангин таҳия гардида, барои ворид намудан ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022-2023 ба Созмон пешниҳод шуд.
Дар ростои таҳкими заминаи қарордодӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ 10 санади дуҷониба ба имзо расида, 14 санади байналмилалии ҳуқуқии пазируфтаи Тоҷикистон эътибор пайдо кард.
Дар давраи гузоришӣ муносибатҳои дипломатӣ бо ду кишвари дигар - Ҷумҳурии Серра-Леоне ва Ҷумҳурии Ангола барқарор шуданд. Ҳамин тавр, шумораи кишварҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо муносибатҳои дипломатӣ дорад, ба 178 расид.
Дар ин давра Душанбе сафирони нави худро дар Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Индонезия, Таиланд, Украина, Исроил, Қирғизистон, Миср, Фаластин, Ҳиндустон ва Чин таъйин кард.
Дар соли 2020 дар муносибатҳои Тоҷикистон бо Фаластин таҳаввули калони дипломатӣ ба вуқӯъ омад. Дар Душанбе Сафорати Фаластин ифтитоҳ ёфта, Сафири он кишвар дар Тоҷикистон таъйин шуд. Ба ин тартиб, Фаластин севумин кишвари арабӣ гардид, ки дар Душанбе сафорат кушод.
Иттилоърасонӣ самти муҳимми фаъолияти Вазорат аст. Дар давраи гузоришӣ дар нишастҳои матбуотӣ, мусоҳибаҳо ва посухҳои масъулони Вазорат маълумоту хабарҳои муҳим ба намояндагони расонаҳои ватаниву хориҷа расонида шуд. Торнамои расмии Вазорат ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хонандагон хабару маълумоти тозаро дар бораи рӯйдодҳои муҳим дар самти сиёсати хориҷӣ пайваста пешниҳод мекарданд. Торнамоҳои ҳамаи муассисаҳои хориҷии Тоҷикистон фаъол буда, дар онҳо ба таври мунтазам хабару маълумоти нав гузошта мешавад. Илова ба ин, аксари намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии мо дар хориҷа дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook, Twitter ва ғайра саҳифа доранд.
Робитаҳои хориҷӣ дар сатҳҳои гуногун миёни мақомоти Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷиву созмонҳои байналмилалӣ дар соли 2020 дар шаклҳои маҷозиву ҳузурӣ идома пайдо карда, баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун мусоидат карданд. Дар самти ҳамкории кишвари мо бо созмонҳои байналмилалӣ дар давраи гузоришӣ рӯйдодҳои муҳим ба вуқӯъ пайвастанд.
Дар маҷмӯъ рӯйдодҳои соли 2020 аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳамкориҳо бо кишварҳои шарик, сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, тавонистанд раванди мусбати муносибатҳои дуҷонибаро на танҳо ҳифз кунанд, балки суръат бахшанд.
Давраи раёсати Тоҷикистон дар ду созмони бузурги фароминтақавӣ Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ даррасид. Соли ҷорӣ пойтахти кишвари мо мизбони нишасти ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба муносибати 20-солагии таъсиси он ва нишасти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ хоҳад буд.
Гузашта аз ин, 9 сентябр 30-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил хоҳад шуд. Рӯйдодҳои муҳимми мазкур аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва дипломатҳои тоҷик тақозо мекунад, ки барои дар сатҳи шоиста анҷом додани раёсат дар ду созмони мазкур ва истиқболи 30-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли кишвари азизи мо омодагии ҳамаҷониба бинанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ахири худ ба Маҷлиси олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои давраи оянда муайян карда, дар мавриди пешбурди босамари сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Дар ин росто, Вазорати корҳои хориҷӣ дар иҷрои шоистаи вазифаҳое, ки дар Паёми роҳбари давлат омадаанд, саҳми босазо хоҳад гузошт.