Ба муносибати 28-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон

27.01.2021 15:34

27 январи 2021 ба барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон  28 сол пур мешавад.               

Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил менамояд. Дар ин қарина, яке аз санадҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар, ки аз ҷониби Сарони давлатҳо моҳи ноябри соли 2017 ба имзо расидааст, Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ мебошад. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар чаҳорчӯби СММ, САҲА, ИДМ, ЮНЕСКО, СҲИ, TRACECA, инчунин абзорҳои С5+1, Осиёи Марказӣ+ИА, Осиёи Марказӣ+Ҷопон, Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея, Осиёи Марказӣ- Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ-Чин ҳамкориҳои густарда дошта, мавқеъҳои ду кишвар дар мавриди ағлаби масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамсон ё наздиканд.

Байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкорӣ роҳандозӣ гардида, дар доираи он баргузории ройзаниҳо дар мавриди масъалаҳои муҳимми рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ пешбинӣ мегардад.

Ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишвар  Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Туркманистон таъсис дода шудааст.

Дар густариши шарокати тиҷоратӣ ва иқтисодии ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ нақши муҳим мебозад.

Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ба анъанаҳои накӯи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ пойдоранд.

Tajikistan-and-Turkmenistan-27-01-2021.jpg

Нигористон

Тақвим