Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири маориф ва илми Украина

27.01.2021 13:54

26 январи 2021 дар Киев вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Вазири маориф ва илми Украина Сергей Шкарлет баргузор гардид.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи илму маориф ва роҳҳои густариши он, инчунин иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва омодагӣ барои баргузории ҷаласаи шашуми Комиссия дар соли равон дар шаҳри Душанбе, ташкили ҷашнвораҳои донишҷӯён ва баргузории ярмаркаҳо бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимоти олии Украина дар Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии имкониятҳои он кишвар дар самти маориф баррасӣ гардиданд.

001Vaziri-maorif-va-ilm Ukraine 27 01 2021.jpg

Нигористон

Тақвим