Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

26.01.2021 13:48

26 январи 2021 дар толори марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва кормандони Вазорат дастаҷамъона баргузории ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баён гардид, мустақиман тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо карданд.

Мавриди зикр аст, ки инчунин намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои маҳалли иқомати худ Паёми мазкурро тамошо намуданд.

S7A8787-26-01-2021-13-47.jpg

1-26-01-2021-13-48.jpg
 

PS7A8800-26-01-2021-13-48.jpg

Нигористон

Тақвим