25 январи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммед ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.