Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ

22.01.2021 20:17

22 январи 2021 ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Раиси Ҳайати мушовара, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода, аъзои Ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорат иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи Ҳайати мушовара натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2020, нақшаи фаъолияти Вазорат барои соли 2021 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд.

Аз рӯи мавзӯи якуми ҷаласа Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ ва аз рӯи мавзӯи дуюм Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода маърӯза карданд. Сипас ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорат шунида шуданд.

Дар ҷаласаи мазкур Нақшаи фаъолияти Вазорат барои соли 2021 тасдиқ шуда, аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимашуда қабул гардиданд.

Дар ҷамъбасти кори Ҳайати мушовара, Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати тақвият додани низоми кор ва таҳкими фаъолияти дастгоҳи марказӣ, инчунин намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа супоришҳои мушаххас дод.

Collegium Meeting MFA 22 01 2021.jpg

Collegium Meeting MFA 22 01 2021 2.jpg

Collegium Meeting MFA 22 01 2021 3.jpg

Нигористон

Тақвим