14 январи 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Миср дар умури кишварҳои Осиё Ториқ Ал-Васимӣ вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқот масоили таҳким ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба табодули сафарҳо ва роҳандозии робитаҳои наздик ва самарабахши ҳамкорӣ зоҳир гардид.