Вохӯрии Сафир бо Устондори Синои Ҷанубии Миср

13.01.2021 10:35

12 январи 2021 Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Устондори Синои Ҷанубӣ Холид Фуда мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ бо ин устони Миср, аз ҷумла роҳандозии робитаҳои мустақим миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва устони мазкур баррасӣ шуданд. Ҳамчунин дар бораи роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гардишгарӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ ва саноат табодули назар сурат гирифт.

Egypt 13 01 2021 1.jpg

Egypt 13 01 2021.jpg

Нигористон

Тақвим