Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015

06.02.2015 15:30

9 декабри соли 2014 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро (A/RES/69/215) таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ва талошҳои минбаъда ҷиҳати дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об” қабул кард, ки он аз кишварҳои аъзои СММ, сохторҳои СММ, аз ҷумла ”СММ-Об” ва дигар созмонҳо даъват ба амал овардааст, то арзёбии фарогири дастовардҳоро дар раванди татбиқи Даҳсола ва идомаи талошҳо барои расидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшудаи марбут ба об, аз ҷумла ҳадафҳое, ки дар санади ниҳоии Конфронси Рио+20 таҳти унвони “Ояндае, ки мо мехоҳем” инъикос ёфтаанд, анҷом диҳанд.

Қатъномаи мазкур мисли ташаббусҳои пешини Тоҷикистон дар мавзӯи об дар Маҷмаи Умумии СММ дастгирии ҳамаҷониба ёфта, зиёда аз 50 кишвари узви Созмон, аз ҷумла Афғонистон, Алҷазоир, Арманистон, Австралия, Озарбойҷон, Бангладеш, Беларус, Боливия, Хитой, Хорватия, Куба, Эритрия, Финландия, Гурҷистон, Гаитӣ, Маҷористон, Ҳиндустон, Индонезия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ироқ, Япония, Қазоқистон, Кувайт, Қирғизистон, Малайзия, Муғулистон, Монтенегро, Мағриб, Зеландияи Нав, Покистон, Парагвай, Филиппин, Қатар, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Россия, Сенегал, Ҷазираҳои Сейшел, Сингапур, Испания, Шри-Ланка, Судон, Швейтсария, Ҷумҳурии Сурияи Араб, Тайланд, Тимори Шарқӣ, Того, Туркманистон, Украина, Венесуэла ва Яман ҳаммуаллифи он гардиданд. Бо иттифоқи оро қабул гардидани қатъномаи мазкур ифодагари он аст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавзӯи об аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавриди таваҷҷуҳ ва пуштибонии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд.

Қатънома баргузории ду чорабинии муҳимро, аз ҷумла Муколамаи интерактивии сатҳи баланди иҷлосияи 69-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк дар давоми ҳафтаи баъди Рӯзи ҷаҳонии об (22 марти 2015) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 дар ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари мизбони чорабинии мазкур, ки баргузории он 9-11 июни 2015 дар ш.Душанбе ба нақша гирифта шудааст, дар якҷоягӣ бо “СММ-Об” ва дигар ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ корҳои муқаддамотиро барои пешбурди пурраи ин раванд аллакай оғоз намудааст.

Ҳамин тавр, бо мақсади бомувафаққият гузаронидани Конфронси мазкур, ҳамчунин таҳияи Барномаи фарогири Конфронс бо иштироки тамоми гурӯҳҳои истифодабарандаи об ва намояндагони салоҳиятдор аз байни кишварҳои шарик, муассисаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ҳавзаи дарёҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи Конфронс таъсис дода шудааст. Ғайр аз ин, дар доираи Кумитаи тадорукоти миллӣ таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштироки фаъол дар ҳалли масъалаҳои тадорукотии Конфронс Гурӯҳи кории дахлдор ва Котибот (иборат аз намояндагони вазоратҳои дахлдори Тоҷикистон) таъсис дода шудааст.
Ҳадафи асосии Конфронс баррасии фарогири масъалаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 мебошад, ки баъдан дар гузаронидани бознигарии фарогири раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ ва пешниҳоди натиҷаҳои он ба таваҷҷуҳи ҷомеаи васеи байналмилалӣ нақши калидӣ хоҳад бозид.

Дар ҳоле ки ҷомеаи байналмилалӣ ба соли 2015 ворид гашт, муҳим ба ёдоварист, ки 23 декабри 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлосияи 58-уми худ қатъномаи A/RES/58/217-ро қабул карда буд. Тибқи қатъномаи болозикр давраи солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 эълон гардид (www.un.org/waterforlifedecade). Ҳадафи асосии он дар баробари пешбурди талошҳо ҷиҳати иҷрои тааҳҳуди байналмилалӣ дар масъалаҳои марбут ба об то соли 2015, ҳамчунин таҳияи нақшаҳо барои мудирияти муштарак ва босамари захираҳои об дар расонидани кӯмак ба кишварҳои рӯ ба рушд мебошад.

Имрӯз зарурат пеш омадааст, ки барои арзёбӣ ва бознигарии фарогири фаъолият дар ин давра, муайян намудани мамониатҳое, ки садди роҳи кишварҳо барои татбиқи ҳадафҳои Даҳсола мегарданд, ҳамчунин тарҳрезии фаъолияти минбаъда барои давраи баъд аз соли 2015 чораҳои муассир андешида шаванд. Аз ин рӯ, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 дар ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-11 июни 2015), ба вежа дар соли ҷорӣ, иқдоми саривақтӣ ва муассир дар самти баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи байналмилалӣ доир ба тамоюлҳои марбут ба об ва сафарбар кардани талошҳои ҳукуматҳо, сохторҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, ҳамчунин дигар тарафҳои зидахл дар тамоми сатҳҳо, ки ба ҳалли масъалаҳои об машғуланд, ба ҳисоб меравад.

Конфронс намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои аъзо, сохторҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, ҷомеаҳои соҳибкорӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи маданӣ, ҳамчунин олимон ва коршиносонро ба ҳам хоҳад овард. Даъватномаҳо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тадорукоти миллӣ ба унвони кишварҳои аъзо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва дигар шарикон тибқи тартиби муайянгардида, фиристода мешаванд.

Маълумоти бештарро дар бораи Конфронс метавон аз торнамои www.waterforlifeconf2015.org ё тавассути тамос бо Котиботи Конфронс дастрас кард:

Суроға: ш. Душанбе, кучаи Шероз 33, 734001
Суроғаи электронӣ: info@waterforlifeconf2015.org;
Тел.: (+992 37) 227 68 43
Факс: (+992 37) 227 68 44

ПЕРВОЕ ОБЪЯВЛЕНИЕ


     
    
 

Нигористон

Тақвим