Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Роҳбари нави Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тоҷикистон

18.12.2020 18:21

18 декабри 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва роҳбари нави Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тоҷикистон Кит Симмонсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба равобити Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар чорчӯби  АРБИМА, пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) ва рушди ҳамкории минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Minister's meeting with US Ambassador 18 12 2020.jpg

Minister's meeting with US Ambassador 18 12 2020 2.jpg

Нигористон

Тақвим