Маросими супоридани нусхаи эътимодномаҳо аз ҷониби Сафири Британияи Кабир

27.01.2015 11:44

27 январи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири навтаъйиншудаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Стэнли Филпоттро ба муносибати супоридани нусхаи эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир мубодилаи афкор намуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Дар фарҷоми мулоқот Сироҷидин Аслов ба Ҳю Стенли Филпотт дар фаъолияти ояндаи касбиаш муваффақиятҳоро таманно кард.

Маросими супоридани нусхаи эътимодномаҳо аз ҷониби Сафири Британияи Кабир

Маросими супоридани нусхаи эътимодномаҳо аз ҷониби Сафири Британияи Кабир

Нигористон

Тақвим