11 декабри 2020 дар Киев Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода зимни маросими супурдани эътимодномаҳои сафирони навтаъйини кишварҳои хориҷӣ Эътимодномаи худро ба Президенти Украина Владимир Зеленский тақдим намуд.
Дар маросим Сафири Тоҷикистон паёму дуруд ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Украина расонид.
Пас аз пазируфтани эътимодномаҳо Президенти Украина В.Зеленский сафиронро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданашон табрику таҳният гуфта, роҷеъ ба густариши бештари ҳамкориҳои Украина бо кишварҳои шарик, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард.