Форуми иқтисодӣ роҷеъ ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ

11.12.2020 19:20

10 декабри 2020 бо ибтикори Палатаҳои иқтисодии Австрия (WKO) форуми иқтисодӣ роҷеъ ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сиғаи маҷозӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Палатаҳои иқтисодии Австрия ва зиёда аз 50 ширкати истеҳсолӣ ва тиҷоратии ин кишвар, инчунин намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Бахши ихтисосии ҳамоишро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Идибек Қаландар бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда,  намояндаи Вазорати иқтисод ва савдо дар мавзӯи “Дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Австрия”, намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар мавзӯи “Дурнамои сармоягузорӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузоришҳои соҳавӣ ироа намуданд.     

Форуми мазкур барои муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар самтҳои авлавиятноки иқтисоди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, инчунин баррасии масъалаҳои марбут ба густариши бештари ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ин кишварҳо бо Австрия мусоидат кард.

WKO-forum-1.jpg

Нигористон

Тақвим