9 декабри 2020 дар Риёз Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Муовини вазири корҳои дохилии Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Носир А. Ад-Довуд вохӯрӣ анҷом дод.
Дар он дидор масъалаҳои авлавиятноки ҳамкории ду кишвар дар самти таъмини амнияту субот ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва чолишҳои замони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ба идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар партави роҳнамоиҳои пешвоёни ду кишвар ва дар доираи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.