Вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна, Чин ва Афғонистон

09.12.2020 16:28

9 декабри 2020 бо ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин ва Афғонистон дар мавзӯи "Тиҷорат ва иртиботот байни Чин, Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ" дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Ҷониби Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ М.Ҳусейнзода намояндагӣ намуд.

Зимни нишаст ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҳамагирии Ковид-19, дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ ва амният мубодилаи афкор карданд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар суханронии худ қайд кард, ки ҳамкорӣ байни Осиёи Марказӣ, Чин ва Афғонистон аҳаммияти хоса дорад ва дар рушду таҳкими робитаҳо байни кишварҳои минтақа нақши муҳим мебозад.

Бо ишора ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ бар асари паҳншавии Ковид-19, муовини вазири корҳои хориҷии кишвари мо аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки барои пешгирии баъдии сирояти коронавирус ва барқарор кардани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа чораҳои муассир андешида шаванд. Қайд гардид, ки ҳамагирии Ковид-19 башариятро бо таҳдид ва чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст. Ба ин муносибат, ӯ аз кишварҳои иштироккунанда даъват ба амал овард, то дар мубориза бо паёмадҳои ҳамагирӣ бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда муттаҳид шаванд.

М.Ҳусейнзода бо назар бар аҳаммияти рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ пешбурди лоиҳаҳои бахши энергетика, нақлиёт, саноат ва кишоварзиро таъкид намуда, афзун гардонидани иқтидори содирот ва интиқоли бетаваққуфи борро муҳим хонд.

Ӯ қайд кард, ки ҳамкориҳои кишварҳои минтақа дар соҳаи амният барои сулҳи босубот ва устувор дар Афғонистон аҳаммияти хосса дорад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бар пояи ҳусни ҳамҷаворӣ дар таъмини сулҳу субот ва шукуфоӣ дар минтақа тавассути таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат ва иртиботот саҳм гузоранд.

Афғонистон 09-12-20 16-08.jpg

Афғонистон 09-12-20 16-04.jpg

Нигористон

Тақвим