Ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон

08.12.2020 19:01

8 декабри 2020 даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Ҳайатҳои тарафҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Михаел Зиберт роҳбарӣ карданд.

Дар рафти муколама маҷмӯи васеи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва амниятӣ, инчунин ҳамкориҳои самарабахши ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аҳаммияти таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, муҳоҷират, тадбирҳои муштарак бар зидди ҳамагирии COVID-19 ва коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим таъкид гардид.

Ҷонибҳо пиромуни масъалаҳои тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ, густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Роҳбурди нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ташаббуси минтақавии “Осиёи Марказии Сабз” мубодилаи афкор намуданд.

S7A073008-012-20-18-59.jpg

PS7A074208-012-20-18-57.jpg

Нигористон

Тақвим