4 декабри 2020 дар чаҳорчӯби сафари корӣ ба Димишқ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Роҳбари Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Арабии Сурия Филип Споерри ва Ҳамоҳангсози созмони мазкур Хайкухи Маргарян баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан ва расонидани кумаки лозимӣ ба онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
