Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири сохтмон ва маскану таъсисоти Русия

02.12.2020 11:59

30 ноябри 2020 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бо Вазири сохтмон ва маскану таъсисоти Федератсияи Русия Ирек Файзуллин баргузор шуд.

Зимни вохӯрӣ оид ба натиҷаҳои сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ва мувофиқаҳои бадастомада дар рафти мулоқотҳо бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ, роҳбарияти Думаи давлатӣ, Муовини Раиси Ҳукумати Русия ва Шаҳрдори Москва табодули афкор сурат гирифт.

Роҳбари намояндагии дипломатӣ ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати ҷалби зарфиятҳои соҳибкории Русия ва сармоягузории он дар сохтмон, саноат, аз ҷумла тарҳҳои мухталифи зерсохторӣ, таъкид намуд. Дар ин робита, зарурати тақвияти ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои соҳавии ду кишвар қайд шуд.

Дар идомаи суҳбат, ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунии эпидемиологӣ бар асари ҳамагирии коронавируси нав ва паёмадҳои манфии он ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлатҳои минтақа мубодилаи афкор намуданд.

Сафири Тоҷикистон қайд намуд, ки дар шароити мураккаби кунунӣ аксари муҳоҷирони корӣ дар баробари шаҳрвандони Русия ба иллати коҳиш ёфтани бозори кор ва соҳаҳои фаъолияти кории онҳо, бидуни ҷойи кор ва дарёфти маблағ боқӣ монданд. Зимнан таъкид гардид, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони корӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои сохтмон, хидматрасонӣ саҳми арзандаро ҷиҳати рушди иқтисод ва соҳаи иҷтимоии Русия мегузоранд.

Дар ин замина, масъалаҳои ҷалби мутахассисони баландихтисос аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмони кишвари маҳалли иқомат мавриди баррасӣ қарор гирифта, зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт таъкид гардид. Дар ин росто миёни ҷонибҳо роҷеъ ба густариши минбаъдаи механизмҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созишномаи баимзорасида байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти кории муваққатӣ дар Федератсияи Русия табодули афкор сурат гирифт.

Вазири сохтмон ва маскану таъсисоти Федератсияи Русия И. Файзуллин омодагиашро барои густариши ҳамкорӣ дар самти мазкур иброз намуда, дар зимн зарурати таҳияи муштараки механизмҳои ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои соҳавии ду кишварро қайд кард.

Дар фарҷоми суҳбат, ҳавасмандии ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда тасдиқ гардид.

1-Rossiya 02,12,20 11 57.jpg

2-Rossiya 02,12,20 11 55.jpg

Нигористон

Тақвим