Иштирок дар Конфронси Женева роҷеъ ба Афғонистон

24.11.2020 17:30

24 ноябри 2020 Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ дар Конфронси Женева роҷеъ ба Афғонистон таҳти унвони “Сулҳ, шукуфоӣ ва худкифоӣ”, ки бо мизбонии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Финландия ва Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

Намояндаи кишвари мо зимни суханронӣ дар Конфронс аз саҳми Тоҷикистон дар таъмини сулҳ, субот ва бозсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистон ёдовар шуда, кишварҳои ширкаткунанда, мададрасон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро ба идомаи мусоидат ба Афғонистон даъват намуд.

S7A0094 24 11 2020.jpg

24-11-20.jpg

Нигористон

Тақвим