24 ноябри 2020 дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар суханронии табрикӣ Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ таъкид кард, ки Парчами давлатӣ нишоне аз таърихи куҳани халқи тоҷик буда, аз рамзҳои муқаддаси Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад. Он як ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, аз мавҷудияти миллату давлат дарак медиҳад.
Зикр шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагӣ дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ӯ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ касб намояд.
“Ҳоло Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои дигари бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ва сафоратҳову консулиҳои кишвари мо дар хориҷа барафрохта ва ороста шудааст, ки мояи ифтихори ҳар яки мост”, - афзуд Х. Нозирӣ.


