Гуфтушуниди вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон

19.11.2020 14:55

19 ноябри 2020 дар шаҳри Душанбе гуфтушунидҳо байни Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев баргузор гардиданд.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба пайвандҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, арзишҳои муштараки фарҳангию маънавӣ такя мекунанд.

Вазирон вазъи кунунии муколамаи дуҷонибаи сиёсиро баррасӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар ин самт василаҳои зарурии ҳамкорӣ, ба монанди Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ вуҷуд доранд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои ҳамлу нақл ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзиро баррасӣ карданд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бештари тиҷорат, фаолияти муштараки сармоягузорӣ ва истифодаи пурраи иқтидори транзитӣ бояд чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

Дар музокирот ба масъалаи таъйини ҳудуд ва аломатгузории хатти сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Вазирони корҳои хориҷӣ истифодаи пурраи имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро бори дигар таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои кишварҳоро дар ҷаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷоми музокирот Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2021-2022 ба имзо расид.

TJ KG 19 11 2020 S7A9555.jpg

TJ KG 19 11 2020 S7A9597.jpg

TJ KG 19 11 2020 S7A9709.jpg

TJ KG 19 11 2020 S7A9808.jpg

TJ KG 19 11 2020.jpg

Нигористон

Тақвим