10 ноябри 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Раиси Шӯрои палатаҳои Арабистони Саудӣ ва раиси Палатаи тиҷорат ва саноати шаҳри Риёз Аҷлон ибни Абдулазиз Ал-Аҷлон доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, инчунин роҳҳои таҳкими робитаҳо байни бахшҳои хусусии ду кишвар баррасӣ шуданд.