8 январи соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағониро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, зерсохтори нақлиётӣ, маориф ва фарҳанг мавриди табодули назар қарор гирифтанд.