НАСРЕДИН ИСМАТУЛЛО
Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 феврали соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Рутбаи дипломатии фиристодаи фавқулода ва мухтори дараҷаи I дорад.
Маълумот:
Соли 1993 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси менеҷер, муҳандис ва механик ва соли 1996 Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русияро бо мутахассиси соҳаи муносибатҳои байнламилалӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 1988-1993 – донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон;
Солҳои 1993-1994 – нозири Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 1994-1996 – шунавандаи Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия;
Солҳои 1996-1998 – котиби дуюми шуъбаи ташкилотҳои байналхалқии, раёсати созмонҳои байналхалқии ва ҳуқуқи байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 1998-2001 – котиби якуми шуъбаи СММ, раёсати ташкилотҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2001-2004 – мудири шуъбаи СММ, раёсати ташкилотҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2004-2008 – сардори раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2008-2011 – котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ;
Солҳои 2011-2012 – сардори раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2012-2017 – сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена, Австрия;
Солҳои 2014-2017 – ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия, Ҷумҳурии Словакия ва Маҷористон (бо қароргоҳ дар Вена);
Солҳои 2017-2019 - муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2019-2024 – сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон;
Аз 5 январи соли 2024 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №2 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.