3 ноябри 2020 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикисон Зубайдзода Зубайдулло бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Сайид баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкиму тақвияти муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва башардӯстона баррасӣ гардиданд.
Гузашта аз ин, 4 ноябри 2020 мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб Абдулваҳоб ал-Бадр сурат гирифт. Дар мулоқот ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур, вазъи иқтисодии ҷаҳон дар пасманзари ҳамагирии КОВИД-19, роҳҳои густариш ва таҳкими ҳамкориҳо бо ин Фонди бонуфузи минтақавӣ баррасӣ гардиданд.