2 январи соли 2015 саҳифаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Facebook (https://www.facebook.com/mfa.tj) фаъол карда шуд.
Дар он истифодабарандагони шабакаи мазкур метавонанд хабарҳову рӯйдодҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, аксҳо аз рафти вохӯриву чорабиниҳо ва дигар маълумотҳоро роҷеъ ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбии Вазорати корҳои хориҷӣ то имрӯз пайдо намоянд.