Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷиро бо фарорасии Соли нави мелодии 2015 самимона табрик менамояд.
Ба ҳамаи шумо барои ҳамкории пурбор ва самарабахш дар соли сипаригашта ҷиҳати инъикоси ҳамаҷонибаи рӯйдодҳо ва чорабиниҳои муҳим вобаста ба сиёсати хориҷии кишвар, аз ҷумла сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ва боздидҳои сарони давлатҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон, Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои Осиёи Марказӣ ва дигар чорабиниҳо ибрози сипос карда, умедворем, ки дар соли оянда низ ин робитаҳо баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз идома хоҳанд ёфт.
Дар соли нав ба шумо саломатии бардавом, сарфарозӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои нав ба навро таманно дорем.
