27 октябри 2020 дар Теҳрон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрону Тоҷикистон доктор Ҷалил Раҳимии Ҷаҳонободӣ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба тақвияти равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон табодули назар намуда, дар ин робита нақши Гурӯҳҳои дӯстии парлумонии ду кишварро муҳим арзёбӣ намуданд. Ҷониби эронӣ ҳайати Гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрону Тоҷикистонро ба ҷониби тоҷикӣ муаррифӣ намуда, омодагиашро барои мусоидат ба тавсеаи равобити байнипарлумонӣ изҳор кард.