Бино бар ташаннуҷи вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Арабии Яман ва афзоиши ҳодисаҳои рабудани шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мекунад, ки муваққатан аз сафар ба Яман худдорӣ кунанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар минтақаҳои мухталифи Яман қарор доранд, бояд бисёр эҳтиёткор бошанд, аз ҷойҳои таҷаммӯи одамон ва ё гурӯҳҳои алоҳида иҷтиноб варзанд ва дар сурати ташдиди вазъият дар Яман, ин кишваро тарк кунанд.