Ҷаласаи якҷояи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД

23.12.2014 11:48

22 декабри соли 2014 дар Москва ҷаласаи якҷояи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гашт.

Ҷаласа таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов доир гардид, ки зимни он С.Аслов барои баррасӣ афзалиятҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мақомоти оинномавии СААД барои соли оянда пешниҳод кард. Ин афзалиятҳо, ки барои тавсеа ва густариши ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳои калидӣ равона шудаанд, аз ҷониби кишварҳои аъзои СААД дастгирӣ ёфт.

Дар рафти ҷаласа барои татбиқи Қарорҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ перомуни кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон аз  23 сентябри соли 2013 таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҳамзамон қарорҳо оид ба беҳтар намудани фаъолияти минбаъдаи Созмон ва таҳкими иқтидори он қабул карда шуданд.

Пас аз анҷоми мулоқот Раиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов дар назди хабарнигорон изҳороти матбуотӣ баён намуд.

Ҷаласаи якҷояи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД

Нигористон

Тақвим