15 октябри 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар шакли маҷозӣ ширкат варзид.
Дар рафти ҷаласа роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ роҷеъ ба муқовимат ба паҳншавии коронавирус табодули таҷриба намуда, талошҳои эҳтимолии муштарак ҷиҳати рафъи оқибатҳои манфии ҳамагирӣ ва афзоиши иқтидори зиддибӯҳронии ҷонибҳо, аз ҷумла дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар бораи қадамҳои Ҳукумати кишвар оид ба мубориза бо паҳншавии коронавируси нав маълумот дод. Таъкид гардид, ки бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуда, фаолият менамояд. Инчунин кори Хадамоти назорати беҳдоштиву эпидемиологӣ ба роҳ монда шудааст. «Стратегия оид ба пешгирии таъсири пандемия ба иқтисодиёт таҳия ва қабул шуд. Аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул шудааст”, - афзуд Вазири корҳои хориҷӣ.
Вазирон ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Дар ин замина С.Муҳриддин зарурати ба даст овардани сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсояро қайд намуда, таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамраиси раванди Истанбул оид ба Афғонистон барои ҳамоҳанг сохтани чораҳои кӯмаки амалӣ ба он кишвар кӯшишҳои лозим ба харҷ хоҳад дод.
Вазирони корҳои хориҷӣ рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин дурнамои татбиқи ташаббусҳои асосии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русияро дар бахши нақлиёт ва логистика батафсил баррасӣ карданд.
С.Муҳриддин авлавияти робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русияро зикр намуда, қайд кард, ки дар тиҷорати мутақобилаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо, сарфи назар аз буҳрон, тамоюли мусбати рушд мушоҳида мешавад ва нишондиҳандаи умумии тиҷорат бо ин кишварҳо дар ҳашт моҳи соли 2020 тақрибан 1 миллиарду 480 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Дар интиҳои ҷаласа Изҳороти вазирон оид ба самтҳои стратегии ҳамкорӣ қабул гардид.