Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари Дафтари барномавии Намояндагии минтақавии Департаменти СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ

22.12.2014 16:03

22 декабри соли 2014 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Роҳбари Дафтари барномавии Намояндагии минтақавии UNODC барои Осиёи Марказӣ Алӣ Саряздӣ, ки муҳлати фаъолияташ дар Тоҷикистон ба итмом мерасад, баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот Алӣ Саряздӣ аз фаъолияташ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши татбиқи барнома ва лоиҳаҳо оид ба мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва пулшӯӣ ёдовар шуд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ба Алӣ Саряздӣ барои фаъолияташ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар мубориза бо маводи мухаддир, инчунин мусоидати Дафтари барномавии UNODC ба сохторҳои марбутаи кишвар изҳори миннатдорӣ карда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият хост.

Нигористон

Тақвим