Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ

14.10.2020 09:31

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд:

 

  • мутахассиси шуъбаи аккредитатсия ва кор бо корпуси дипломатии раёсати ташрифоти давлатӣ – 1 ҷой;
  • мутахассиси шуъбаи қабули ҳайатҳо ва ҳамкорӣ бо мақомоти раёсати ташрифоти давлатӣ – 1 ҷой;
  • мутахассиси шуъбаи иттилооти умумии раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ – 2 ҷой;
  • мутахассиси шуъбаи ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ – 1 ҷой;
  • атташеи шуъбаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО – 1 ҷой;
  • атташеи шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ – 1 ҷой;
  • котиби сеюми шуъбаи кишварҳои Осиёи раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором - 1 ҷой;
  • котиби сеюми шуъбаи масъалаҳои умумиҳуқуқии раёсати шартномавӣ-ҳуқуқӣ – 1 ҷой;
  • котиби сеюми шуъбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии раёсати созмонҳои байналмилалӣ – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи кишварҳои Аврупои раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи таҳлил ва пешбинии сиёсати хориҷии раёсати тадқиқоти стратегӣ – 1 ҷой.

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби мутахассис – 924 сомонӣ;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби атташе ва котиби сеюм – 1380;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби дуюм – 1520.

Эзоҳ: Довталабоне, ки забони русиро дар сатҳи баланд ва яке аз забонҳои хориҷиро дар сатҳи В1 намедонанд, ба озмун роҳ дода намешаванд.

 

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби котиби дуюм

-        таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-        на кам аз 3 сол собиқаи хизмати дипломатӣ ё на кам аз 4 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ;

-        донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ;

-       донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи В1 ҳатмист;

-       донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-     донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

-      мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-      кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ, Word, Excel, Power Point ва дигарҳо;

-     дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва дипломатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби котиби сеюм

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • на кам аз 2 сол собиқаи хизмати дипломатӣ ё на кам аз 3 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ;

-     донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи В1 ҳатмист;

  • донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
  • мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ, Word, Excel, Power Point ва дигарҳо;
  • дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва дипломатӣ.

         Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби атташе

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • на кам аз 1 сол собиқаи хизмати дипломатӣ ё на кам аз 2 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи В1 ҳатмист;
  • донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилаии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
  • мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ, Word, Excel, Power Point ва дигарҳо;
  • дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва дипломатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис

 

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи В1 ҳатмист;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ Word, Excel, Power Point ва дигарҳо.

Талаботи иловагӣ нисбати ҳамаи довталабон:

  • донистани асосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи В1 ҳатмист;
  • малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ;
  • малакаҳои иловагии касбӣ, донистани ҳолати кунунии иқтисодии  кишвар, равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • дониши ҳаматарафаи варзида дар робита ба ҳадафҳои стратегии кишвар;
  • унвони илмӣ, нашри мақолаҳои илмию тахассусӣ ва маводҳои таҳлилӣ (афзалият дода мешавад).

 

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои зеринро дар шакли электронӣ ба суроғаи электронии ozmun@mfa.tj пешниҳод намоянд:

 

1. Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи вазири корҳои хориҷӣ (Word);

2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (Word);

3. Тарҷумаи ҳол (Word);

4. 2 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5;

5. Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;

6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);

7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

8. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);

9. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

10. Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

11. Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);

12. Маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;

13. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;

14. Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

15. Гувоҳинома (сертификат) аз забони хориҷӣ аз сатҳи В1 боло.

 

Ҳуҷҷатҳо то 3 ноябри соли 2020 танҳо дар шакли электронӣ тавассути суроғаи электронии ozmun@mfa.tj қабул карда мешаванд.

 

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-70-27, 221-15-61; 

Суроғаи электронӣ: ozmun@mfa.tj

Нигористон

Тақвим