16 декабри соли 2014 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ба мақсади шиносоӣ аз шароити зист ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик ба Донишгоҳи Усмониаи шаҳри Ҳайдаробод ташриф оварда, бо роҳбарияти донишгоҳ ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ анҷом дод.
Дар оғоз Сафир М.Ҷалолов сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши ҷавонон муаррифӣ намуда, ҳозиринро бо афзалиятҳои он шинос намуд.
Зимни вохӯрӣ Котиби (Регистрар) Донишгоҳи Усмониа доктор Суреш Кумар дар бораи таърихи Донишгоҳ ва кору фаъолияти олимону профессорони он маълумоти мухтасар дод. Ҳамчунин доктор Суреш Кумар дар бораи сатҳи дониш ва тартибу интизоми донишҷӯён сухан гуфта, ба донишҷӯёни тоҷик баҳои баланд дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳ фаъолияти пурсамар дошта, дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои Донишгоҳ фаъолона иштирок менамоянд. Ӯ иброз дошт, ки Донишгоҳ омодааст донишҷӯёни бештарро аз Тоҷикистон бипазирад.
Бояд қайд намуд, ки айни замон дар Донишгоҳи Усмониа 22 нафар донишҷӯ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, сиёсатшиносӣ, ВАО ва хабарнигорӣ, омӯзиши забони англисӣ ва ғайра таҳсил менамоянд.
