Вазири корҳои хориҷӣ

01.03.2013 10:10

СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН

ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

17 феврали соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухторро дорад.

Вазири корҳои хориҷӣ

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1981-1986 - донишҷӯи Донишкадаи гидрометеорологии шаҳри Одессаи Украина; 

Солҳои 1986-1992 - муҳандис, сармуҳандис-агрометерологи Маркази гидрометеоро- логияи Сарраёсати обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати РСС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 1992-1995 - муовини сардор, сардори Раёсати Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 1995-1996 - муовини сардори Сарраёсати обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 1996-1997 - намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳавзаи баҳри Арал, шаҳри Тошкент;

Солҳои 1997-2002 - намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналхалқии наҷоти Арал, ш.Тошканд;

Соли 2002 - Донишгоҳи давлатии иқтисодии ш.Тошкандро хатм  кардааст;

Солҳои 2002-2005 - раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналхалқии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе;

Солҳои 2004-2005 - муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Апрели 2004 то ноябри 2005 - Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай;

Солҳои 2005-2013 - Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид, шаҳри Ню-Йорк;

Солҳои 2011-2013 - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба бо қароргоҳ дар шаҳри Ню-Йорк;

Аз 29.11.13 - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Забонҳои англисӣ, форсӣ ва русиро медонад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Нигористон

Тақвим